Ҷавобҳои нав
Фоидаҳои ҳаҷ
Фоидаҳои ҳаҷ бисёр бузург ва арзишманданд, аз ҷумла: 1. Ҳаҷ иҷрои яке аз рукнҳои асосии дини Ислом мебошад. 2. Ҳаҷ навъе аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ба ҳисоб меравад. 3. Барои касе, ки онро мутобиқи аҳкоми Шариъат анҷом медиҳад, савобу подоши азим ва аҷри бузург муқаррар гардидааст. 4. Дар ҳаҷ зикру ёди Аллоҳ таъоло барпо шуда, бузургдошти Ӯ ва ошкор сохтани шиорҳои Исломӣ сурат мегирад. 5. Дар ин маросими бузург мусулмонон аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон гирди ҳам омада, миёни онҳо меҳру муҳаббат, дӯстӣ ва шиносоӣ ба вуҷуд меояд. 6. Ҳаҷ ваҳдату ягонагии мусулмононро дар замон, макон, амал ва зоҳир ба намоиш мегузорад. 7. Дар айёми ҳаҷ заминаи фаровони хайру баракатҳои динӣ ва дунявӣ фароҳам гардида, миёни мусулмонон мубодилаи манфиатҳо сурат мегирад. 8. Қурбониҳо ва ҳадяҳои воҷибу мустаҳабе, ки дар ҳаҷ анҷом дода мешаванд, нишонаи бузургдошти ҳурматҳои илоҳӣ буда, мардум аз онҳо бо истеъмол, ҳадя кардан ва садақа додан ба ниёзмандон баҳраманд мегарданд.сохранитьИстифодаи кремҳои бе бӯй ҳангоми эҳром
сохранитьОё бастини халта бар олати шахсе, ки ба беихтиёр рафтани пешоб гирифтор аст, аз маҳзуроти эҳром ба ҳисоб меравад?
сохранить
Ӯ оиди фазилати даҳаи аввали Зулҳиҷҷа мепурсад
Ҷавобҳо
Пурбинандаҳо
Чигуна намози шаб бихонам, ки Аллоҳ аз ман розӣ гардад?
сохранить12,855Маънои номи Оиша
сохранить9,548Намудҳои тавоф дар гирди Каъба
сохранить6,992Вақти намози зуҳо (чошт)
сохранить5,927Қиссаи ороишгари духтари фиръавн
сохранить29
Дастаҳо
Китобҳо
173 АМАЛИ СОЛЕҲ БА МУНОСИБАТИ ДАҲАИ ЗУЛҲИҶҶА173 АМАЛИ СОЛЕҲ БА МУНОСИБАТИ ДАҲАИ ЗУЛҲИҶҶА2,224
70 МАСЪАЛА ОИДИ РӮЗААллоҳ таъоло ба бандагони худ мавсимҳои хайротро мавриди лутфу марҳамат қарор додааст. Дар ин моҳ ҳасанот дучанд гардида, бадиҳо маҳв карда мешаванд ва дараҷаҳо боло мегарданд. Яке аз бузургтарин мавсимҳо ин моҳи Рамазон мебошад, ки Аллоҳ таъоло рӯзаи онро бар бандагон фарз гардонида, ононро ба анҷом додани он тарғибу ташвиқ намудааст ва ононро ба шукр кардани Ӯ ба хотири ин фариза роҳнамоӣ намудааст. Ҳар гоҳ ки ин ибодат мартабаи бузург дошта бошад, пас бояд аҳкоми мутааллиқ ба моҳи рӯза таълим гирифта шавад. Ин рисола хулосаҳои аҳком, одоб ва суннатҳои рӯзаро дар бар мегирад.1,657