Заҳр форсӣ: زهر — моддае, ки дар натиҷаи таъсир расондан ба мавҷудоти зинда боиси якбора халал ёфтани фаъолияти ҳаётии онҳо – заҳролудӣ ё марг мешавад.

.

Тавсиф

вироиш

Ба заҳр мансуб донистани ин ё он модда шартист, зеро заҳрмандии бисёре аз моддаҳо ба вазъ ва тарзи ба андомгон роҳ ёфтани онҳо вобастагӣ дорад. Таъсири заҳр ба реаксияҳои кимиёии он бо моддаҳои таркиби ҳуҷайраву бофтаҳои андомгон, ҳамчунин бо моддаҳое, ки дар мубодилаи бофтаҳо иштирок мекунанд (масалан, ҳангоми заҳролудӣ аз асиди синил), марбут аст. Неру ва тарзи таъсири заҳр ба таркиби кимиёии он, хосиятҳои физикиву кимиёӣ, хусусиятҳои сохторӣ ва фаъолияти андомгон вобастагӣ дорад. Бинобар ин, заҳр ба баъзе намудҳои ҳайвоноту рустанӣ таъсири интихобӣ мерасонад, ба узву системаҳо «қаробат» дорад (масалан, заҳрҳои асабгиро, ки бештар силсилаи асабҳои марказиро фалаҷ мекунанд). Заҳрҳо наботӣ (рустаниҳои заҳрнок), ҳайвонӣ (ҳайвоноти заҳрнок), минералӣ ва кимиёӣ (пеститсидҳо ва заҳрҳои саноатӣ) мешаванд. Заҳр ба ҷисми одам ба воситаи роҳи ҳозима (заҳролудӣ аз ғизо) ва нафаскашӣ дохил шуда, тавассути гурда, рӯдаҳо, шуш ва узвҳои дигар хориҷ мегардад. Таъсири заҳрҳоро токсикология меомӯзад. Нигар низ заҳроба, заҳри занбӯр, заҳри мор, заҳролудӣ ва мақолаҳои ҷудогона дар ин боб.

Адабиёт

вироиш